Интиқоли атбои тоҷикистонии узви Толибон ба марзи ин кишвар
Манобеи мустақили хабарӣ аз интиқоли 130 ҷангҷӯи тоҷикистонии узви Толибон ба минтақаи Шаҳри бузург дар байни вилоятҳои Бадахшон ва Тахори Афғонистон ва наздикии ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон хабар додаанд.
Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, далели интиқоли ин ҷангҷӯён ба марзи Тоҷикистон мушаххас нест ва мақомоти Неруи марзбонии Тоҷикистон муътақиданд, ки ин гуруҳ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб намеояд.
Сокинони Шаҳри бузург мегӯянд, ки ин ҷангҷӯён дар чеҳраҳои хеш ниқоб доранд ва аз ҳар навъ иртибот бо мардум худдорӣ мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Толибон қаблан эълом карда буд, ки иҷозаи ҳамла ба ҳеҷ кишвари ҳамсоя аз қаламрави Афғонистонро нахоҳад дод.
Мавлавӣ Абдулҳақ, фармондеҳи низомии Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон низ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамсояи наздик ва дӯсти Афғонистон мебошад ва ҳеҷ тарҳи ҳамла ба ин кишвар вуҷуд надорад. Аммо ба далели мухолифати Тоҷикистон ба Толибон ва дархости Душанбе барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон бо мушорикати ҳамаи ақвом, аз ҷумла тоҷикҳои ин кишвар, иртиботи ду тараф тира мебошад.
Бештар бихонед:
- Сарпарасти Вазорати дифои Толибон: Ҳеҷ узви Толибон ҳаққи куштани фардеро надорад
- Гурӯҳи Толибон: ДИИШ дар пайи шикаст аз Толибон ба амрикоиҳо паноҳ бурдааст