Қирғизистон аз омода шудани парвандаи даргирии марзӣ бо Тоҷикистон хабар дод
Корманди аршади идораи таҳқиқоти Вазорати умури дохилаи Қирғизистон гуфт: Парвандаи даргирии марзӣ бо Тоҷикистон ба зудӣ такмил мешавад.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», Азамат Дуйшеналиев дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт: Дар ин замина 527 маврид баррасӣ ва 330 озмоиши пизишкии қонунӣ низ бар рӯйи аҷсод анҷом шудааст.
Вай таъкид кардааст, ки бо такмили парванда, арзёбии ҳуқуқӣ дар мавриди иллати даргирӣ ва муаррифии муқассирон мунташир хоҳад шуд.
Дар натиҷаи шаш соат тирандозӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд 19 тоҷик кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд.
Аммо тарафи Қирғизистон муддаӣ аст, ки дар ин даргирӣ 36 нафар аз атбои ин кишвар кушта ва дастикам 220 тан захмӣ шудаанд.
Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии ду кишвар аломатгузорӣ шудааст.