Октябр 21, 2021 12:25 Asia/Dushanbe
  • Эътои тобеияти Қирғизистон ба 1207 нафар

Раисиҷумҳури Қирғизистон бо дархости 1260 нафар барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар мувофиқат кард.

Бо фармони Садир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон бештар шаҳрвандони ҷадиди кишвар, қирғизҳои қавмии сокин дар кишвари дигар буданд, ки ба сарзамини таърихии худ (Қирғизистон) бозгаштаанд.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Қирғизистон бо дархости лағви тобеъияти 53 нафар низ мувофиқат кард.

Пеш аз ин, дар моҳи июли имсол раисиҷумҳури Қирғизистон фармонеро дар мавриди "муқаррароти муваққат ба равиши сода барои ба даст овардани тобеъияти ҷумҳурии Қирғизистон тавассути қирғизҳои қавмӣ ва афроди фоқиди тобеъияти миллияти Қирғизистон" имзо карда буд.

 

Барчасп