Сухангӯи Толибон дар нишасти Маскав хостори ба расмият шинохтани давлат шуд
(last modified Thu, 21 Oct 2021 08:55:53 GMT )
Октябр 21, 2021 13:55 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Толибон дар нишасти Маскав хостори ба расмият шинохтани давлат шуд

Намояндагони Толибон дар иҷлоси Маскав саъй карданд, ҷомеаи байналмилалиро мутақоъид кунанд, ки давлати онҳо дар Афғонистон бо стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқат дорад ва бояд ба расмият шинохта шавад.

Бисёре аз кишварҳо хостори ҳукӯмати ҳамаҷониба, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, дастрасӣ ба таҳсил барои духтарон ва занону озодии баён ва амнияти комил дар Афғонистон ба унвони шароити ба расмият шинохта шудани Толибон ҳастанд.

Мақомоти кишварҳои ҷаҳон мегӯянд, ҳанӯз ин шароит дар Афғонистон эҷод нашудааст.

Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири Толибон дар Маскав гуфт, давлати ҷадиди Афғонистон амнияти кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро таъмин мекунад.

Вай афзуд, "агар давлати Толибон ба расмият шинохта нашавад ва аз он ҳимоят нашавад, бидуни шак нуфӯзи гурӯҳҳое, ки амнияти Афғонистонро таҳдид мекунанд, афзоиш меёбад."

Як мақоми аршади давлатии Толибон низ аз Иёлоти муттаҳида хост то дороиҳои Афғонистонро озод кунад.

Намояндагони да кишвар, аз ҷумла Чин, Покистон, Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон барои ширкат дар иҷлоси Маскав даъват шудаанд.

Мақомоти тоҷик ҳануз ба таври расмӣ эълом накардаанд, ки дар нишасти Маскав ширкат кардаанд ё хайр, аммо расонаҳои русӣ гузориш доданд, ки намояндагони Тоҷикистон дар ин нишаст ҳузур доштанд .

Нишасти Маскав дар ҳоле сӯрат мегирад, ки ҳамалоти гурӯҳи ифротии ДИИШ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст ва Русия нигарон аст, ки бесуботӣ дар Афғонистон метавонад кишварҳои Осиёи миёнаро "ноамн" кунад.