Октябр 22, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба Қирғизистон

Як мақоми давлатии Қирғизистон гуфт, донишҷӯёни тоҷик ба зудӣ метавонанд барои идомаи таҳсил ба ин кишвар бозгарданд.

Адил Бойсолиев, муовини кобинаи вазирони Қирғизистон дар Твиттери худ навишт, ки иҷозаи вуруди донишҷӯёни Тоҷикистон аз аввалин тасмимоти кобинаи ҷадид аст ва онро пуле қавӣ барои дӯстӣ ва дарки мутақобил байни бародарон хонд.

Бо ин ҳол давлати Қирғизистон ба таври расмӣ дар ин маврид изҳори назаре накардааст.

 

Мушкили сафари донишҷӯёни Тоҷикистон ба Қирғизистон аз моҳи майи имсол, пас аз даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шуд.

Аз замони вуқӯи ин ҳодиса, ки даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошту хонаҳои зиёде ба оташ кашида шуд, Қирғизистон марзҳои худро ба рӯйи шаҳрвандони тоҷикистонӣ баст.

Дар соли таҳсилии 2020 - 2021 ҳудуди 2000 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд.