Октябр 24, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Узбекистон

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон аз соъати 8 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари ин кишвар оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ҷамъияти Узбекистон беш аз 35 миллион нафар аст, ки 21 миллиону 249 ҳазору 921 нафари онҳо дорои шароити раъй додан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд .
Имсол бо тавваҷуҳ ба шароити корона интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон дар саросари кишвар бо риояти муқаррароти карантина баргузор мешавад .
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон то соъати 20 : 00 имрӯз ( 24 октябр ) идома дорад .
Ҳудӯди ҳазор нозир аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ барои назорат бар интихоботи Узбекистон дар ин кишвар ҳузур доранд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп