Октябр 25, 2021 15:17 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи Толибон аз иҷрои барномаи тақсими гандум дар баробари кор дар Афғонистон хабар дод
    Гурӯҳи Толибон аз иҷрои барномаи тақсими гандум дар баробари кор дар Афғонистон хабар дод

Гуруҳи Толибон аз иҷрои барномаи тақсими гандум дар баробари кор дар Афғонистон хабар дод.

Бар асоси ин тарҳ, даҳҳо ҳазор тон гандум дар Кобул ва дигар вилоёти ин кишвар байни мардум тақсим ва пешбинӣ мешавад, ки барои чиҳил ҳазор коргар кор эҷод шавад.

Комилан мушаххас нест, ки ҳадафи Толибон аз тақсими гандум байни мардум пешгирӣ аз идомаи гуруснагӣ ва наҷоти мардум аз ин вазъият аст ва ё мекӯшад худро гурӯҳе масъулиятпазир дар баробари мардуми Афғонистон нишон диҳад.

Фақри ғизоии ҳудуди ниме аз мардуми Афғонистон

Бар асоси гузоришҳои хабарӣ, миллионҳо нафар дар Афғонистон, ба хусус бо наздик шудан ба фасли сармо, бо камбуди маводи ғизоӣ ва хатари гуруснагии ношӣ аз он рӯ ба рӯ ҳастанд ва тақсими гандум ба танҳоӣ наметавонад онҳоро аз ин шароит наҷот диҳад. Бо тавваҷуҳ ба вазъияти хушксолӣ дар Афғонистон ва коҳиши воридоти ғаллот, эҳтимоли ин ки Толибон натавонад ҳатто ба ваъдаи худ барои тақсими гандум байни ҳамаи вилоёти Афғонистон низ амал кунад, дур аз интизор нест.

Дюра Ройтерс, коршиноси Созмони Милал муътақид аст, бояд барои кумак ба бозёбии иқтисоди Афғонистон муҳлати танаффуси чандмоҳа дод. Толибон низ бояд бо инъитофпазирӣ ва ҳушмандӣ, худро барои рафторе мутафовиттар бо мардуми Афғонистон омода кунад. Дар ғайри инсурат иқтисоди ин кишвар комилан фурӯ хоҳад пошид.

Афғонистон дар ҳоле аз набуди маводи ғизоӣ ва камбуди маҳсулоти кишоварзӣ ранҷ мебарад, ки дар ду даҳаи гузашта авомили мухталиф монеъ аз тағйири корбарии заминҳои зерикишти Афғонистон ва тавлиди маҳсулоти стратегии ғизоӣ монанди гандум шудаанд. Ташдиди ҳамалоти Толибон ва доман задан ба ноамнӣ, таъкиди мафияи маводи мухаддир бар идомаи кишти хашхошу кукнор, бетаваҷҷӯҳии давлати қаблии Афғонистон ба тағйири корбарии заминҳои зери кишт ва худкифоӣ дар заминаи тавлиди ғаллоту маҳсулоти кишоварзӣ дар канори сиёсатҳои ғалати Амрико дар ду даҳаи ишғоли Афғонистон боис шуд то ин кишвар ҳамчунон дар заминаи маводи ғизоӣ ба хориҷ вобаста бошад. Акнун низ сиёсати Толибон барои тақсими гандум дар баробари кор ва ё талош барои зинда нигаҳ доштани бахше аз мардуми Афғонистон аз ин тариқ, танҳо метавонад барои чанд рӯзе короӣ дошта бошад ва ин дар ҳоле аст, ки Афғонистон ҳамчунон бо мушкилоти иқтисодии ношӣ аз масдуд будани дороиҳои ин кишвар аз сӯи Амрико низ рӯ ба рӯ аст.

Устод Масъуд, мударриси Донишгоҳи иқтисодии Кобул бар ин эътиқод аст, ки фурӯпошии иқтисоди Афғонистон наздик аст ва аксари хонаводаи аъзои гуруҳи Толибон, ки ҳокимиятро дар ин кишвар ба даст гирифтаанд, дар Покистон зиндагӣ мекунанд ва чандон таъми фақрро эҳсос намекунанд, аммо Толибон боястӣ дар ин маврид ҷиддӣ амал кунад. Зеро хатар бисёр ҷиддӣ аст.

Дар ҳар ҳол, фақр, гуруснагӣ ва ҷанг ҳамвора ҳамзоди мардуми Афғонистон буда ва аз замоне, ки чашм ба ҷаҳон мекушоянд, фақру ҷангу бехонумониро таҷриба мекунанд. Бинобарин, гуруҳи Толибон, ки як бор инҳисоргароӣ дар қудратро ба сурати шикастхурда таҷриба кардааст, дар шонси дувуми худ, ки иддаои ҳалли мушкилоти Афғонистонро дорад, бояд аз таҷрибаи гузашта истифода карда ва бо эҷоди фазои миллӣ ва ҳузури ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ дар арса, парчами миллии созандагиро бо ташкили давлатии фарогир барафрозад. Зеро мардуми Афғонистон, ба хусус ҷавонони ин кишвар аз нубӯғу пуштикори бисёр хубе барои сохтани ватани худ бархӯрдоранд ва дар сурате, ки фазои тавъам бо амнияту созандагӣ дар Афғонистон эҷод шавад, мардуми ин кишвар бидуни ниёз ба бегонагон, метавонад шароити кору зиндагии хуби тавъам бо рифоҳро барои худ эҷод кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп