Эъломи омодагии Афғонистон барои хариди нафт аз Эрон
Октябр 26, 2021 13:45 Asia/Dushanbe
Таваккул Аҳмадёр, раиси Утоқи бозаргонӣ ва сармоягузории Афғонистон аз омодагии ин кишвар барои хариди нафт аз Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории «Спутник», Таваккул Аҳмадёр, раиси Утоқи бозаргонӣ ва сармоягузории Афғонистон гуфт: Воридкунандагони нафт дар Афғонистон ниёзи мубраме ба сабукиҳои лозим аз сӯи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон доранд.
Таваккул гуфт: Густариши равобити иқтисодӣ ва равнақи тиҷорати дуҷониба барои Афғонистон ва Эрон зарурӣ аст.
Давлати Афғонистон ҳамакнун барои ҳалли масоили ҷорӣ, аз ҷумла камбуди нафт талош мекунад ва умедвор аст Эрон битавонад ба Афғонистон кумак кунад.
Бештар бихонед:
Барчасп