Октябр 28, 2021 11:41 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Русия ба Қирғизистон барои хариди воксани карона

Русия 1.2 миллион доллар барои хариди 200 ҳазор доз воксани «Спутник Лайт» ба Қирғизистон ихтисос дод.

Ба гузориши АКИпресс, давлати Русия тасмим гирифт 1.2 миллион доллар барои хариду таҳвили 200 ҳазор доз воксани «Спутник Лайт» ба Қирғизистон ихтисос диҳад.

Ба гуфтаи сафорати Русия дар Қирғизистон, кумакҳои башардӯстона ба сӯрати эҳдои воксани карона аз тариқи вазорати фавриятҳои Русия эҳдо хоҳад шуд.

Бо ин ҳол дар Қирғизистон рӯзона 100 мавриди ҷадиди Ковид - 19 сабт мешавад.

Токунун 5.1 шаҳрвандони Қирғизистон воксан тазриқ карданд, ин дар ҳоле аст, ки воксанҳои зиддикорона дар кишвар қобили дастрас асту тамоюле дар мардум барои воксан задан вуҷӯд надорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп