Октябр 28, 2021 13:01 Asia/Dushanbe
  • Барӯзрасонии таҷҳизоти иртиботӣ дар пайгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ

Вазорати дифои Русия сомонаҳои иртиботии ҷадидеро дар пойгоҳи ҳавоии «Кант» дар Қирғизистон ва дар пойгоҳи «201» Тоҷикистон мустақар хоҳад кард.

Бо тавваҷӯҳ ба тавофуқу тасвиби барномаи таҳвили сомонаҳои иртиботии ҷадид ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ, ба зӯддӣ имкони барқарории иртибот ва интиқоли иттилооти диҷиталии мутмаин дар қаламрави Осиёи Марказӣ иҷро мешавад.

Ин фанноварӣ имкони табодули додаҳоро ҳатто бо дурафтодатарин манотиқ фароҳам хоҳад кард.

Навсозии пойгоҳи Кант барои соли оянда барномарезӣ шудааст, ки илова бар истгоҳҳои радиовоҳидҳои заминӣ, таҷҳизоте, ки табодули иттилоот бо ҳавонавардиро фароҳам мекунанд, низ барӯз мешаванд.

Ҳамчунин то поёни сол, барӯз расонии пойгоҳи низомии Русия «201» дар Тоҷикистон такмил хоҳад шуд.

Пойгоҳи ҳавоии «Кант» дар Қирғизистон, соли 2003 дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба манзури таъмини амният дар Осиёи Марказӣ тавассути Русия таъсис шудааст.

Албатта бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мустақар аст, дар ин пойгоҳ дар ҳудӯди 7 ҳазор нерӯи низомии русӣ ҳузур доранд.

 

 

 

 

Барчасп