Октябр 31, 2021 15:56 Asia/Dushanbe
  • Афғонистону Туркманистон хостори суръат бахшидан дар сохти хати лӯлаи ТАПИ шуданд

Вазирони хориҷаи Туркманистон ва давлати муваққати Толибон хостори суръат бахшидан дар сохти хати лӯлаи ТАПИ ( Туркманистон - Афғонистон - Ҳинд ) шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, Абдулқаҳҳори Балхӣ- сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон дар ришта тветҳо навишт: Рашид Муродов ва Амирхон Муттақӣ-вазирони хориҷаи Туркманистон ва давлати муваққати Афғонистон дар дидори дар Кобул хостори иҷрои ҳарчӣ зудтари хати лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Афғонистон шуданд.
Хати лӯлаи газии ТАПИ ( Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд ), ки қарор аст гази Туркманистонро ба Ҳинд транзит кунад, 1 814 километр тӯл дорад, ки 816 километри он аз хоки Афғонистон ва аз вилоятҳои Ҳирот, Фароҳ, Ҳилманд ва Қандаҳор убур мекунад ва вориди вилояти Балӯчистони Покистон мешавад .
Бар асоси ҷадвали барномаи иҷроӣ ، ин тарҳи қарор буд бо убӯр аз минтақаи Балӯчистони Покистони худро дар соли 2019 ба шаҳри Фозлико дар Ҳиндустон бирасонад . Бар асоси тарҳи аввалия ин хати лӯлаи зарфияти таҳвили 90 миллион метри мукаъаб дар рӯз ё 30 миллиард метримукаъаб дар солро дорад . Хати лӯлаи ТАПИ аз майдони газии Давлатободи Туркманистон оғоз мешавад ва мувозӣ бо бузургроҳи Ҳирот аз Афғонистон ба Қандаҳор хоҳад расид ва пас аз он дар Покистон аз шаҳри Кувайта ба Мултони Ҳинд имтидод меёбад . Бар асоси ин гузориш аз муҳимтарин мавонеъи пеш рӯйи сохти ин хати лӯла, рақобати минтақаии торихии Ҳинд ва Покистон аст, ба далели инки убӯри хати лӯлаи ТАПИ ба Ҳинд бояд аз дохили сарзамини Покистон убӯр кунад, боиси вобастагии Деҳлии нав ба Исломобод мешавад, ки боиси норизоятии мақомоти ҳиндӣ аст .
Вазири хориҷаи Туркманистон ҳамчунин бо мулло Муҳаммадҳасан Охунд-раиси кабинаи давлати муваққати Толибон дидор ва дар бораи амалӣ шудани тарҳи хати лӯлаи ТАПИ ва хати интиқоли барқ табодули назар кард 

 

Барчасп