Ноябр 04, 2021 11:56 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон дар феҳристи эминтарин кишварҳо дар баробари корона

Маркази кантролу пешгирӣ аз бемориҳои Амрико дар гузорише, Қирғизистонро дар феҳристи кишварҳои бо камтарин хатари ибтило ба вируси корона сабт кард.

Ба гузориши АКИпресс, Маркази кантролу пешгирӣ аз бемориҳои Амрико (CDC) дар гузорише, феҳристе аз кишварҳои ҷаҳон бо хатари ибтило ба коронаро мунташир кард, ки тибқи ин феҳрист, Русия пурхатартарин кишвару Қирғизистон кам хатартарин кишвар эълом шуд.

Дар ин ҳафта, Маркази кантролу пешгирӣ аз бемории Амрико, Русияро ба феҳристи кишварҳое, ки дар маърази хатари «бисёр боло»-и ибтило ба вируси корона ҳастанд, изофа кард.

Бар асоси меъёрҳои Маркази кантролу пешгирӣ аз бемориҳои Амрико, болотарин сатҳи хатар ба кишварҳое бо беш аз 500 мавриди ибтило ба баробари ҳар 100 ҳазор нафар дар 28 рӯзи гузашта ихтисос дорад.

Дар айни ҳол, Маркази кантролу пешгирӣ аз бемориҳои Иёлоти муттаҳида ба амрикоиҳо тавсия мекунад, аз сафар ба кишварҳои пурхатар худорӣ кунанд ва агар сафар ҳамчунон зарурист, ибтидо бояд воксан бизананд.

Аз ҷамъияти 6 миллионии Қирғизистон токунӯн 181 ҳазор нафар ба корона мубтало шуда ва 2676 нафар ҷони худро аз даст доданд.

 

Барчасп