Таъсиси бунёди тавсеаи Узбекистону Қирғизистон
Ба дастури раисиҷумҳури Узбекистон қарордоди таъсиси бунёди тавсеаи Узбекистону Қирғизистон иҷроӣ шуд.
Ба гузориши Форс, бино ба фармони Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон 3 ноябри соли ҷорӣ қарордоди таъсиси бунёди тавсеаи Узбекистону Қирғизистон байни давлатҳои ду кишвар ба марҳалаи иҷро даромад.
Ин бунёд дар заминаи таъмини молии тарҳҳо дар ҳавзаҳои авлавиятдори иқтисоди Қирғизистон аз тариқи ироаи вомҳо, сармоягузорӣ ва баҳрабардорӣ фаъолият мекунад.
Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ ба унвони масъӯли иҷрои ин қарордод, таъйин шудааст.
Пештар эълом шуд, ки ин бунёд як созмони байналмилалӣ бо сармояи аввалия муодили 50 миллиондоллар аст, ки Узбекистон онро таъмин мекунад ва дар оянда то маблағи 200 миллиондоллар афзоиш хоҳад ёфт.
Ин қарордод 11 марти соли ҷории милодӣ дар шаҳри Тошканд дар чорчӯби гуфтугӯҳои Узбекистону Қирғизистон имзо ва дар поёни ин музокирот баёнияи муштарак содир шуд.
Арзиши мубодилоти бозаргонӣ байни Узбекистону Қирғизистон дар соли 2020, 903 миллиону 100 ҳазор доллар будааст.