Таъйини волиёни нави 17 вилояти Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i76566
Давлати Толибон 17 волиро мансуб кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 08, 2021 13:03 Asia/Dushanbe
  • Таъйини волиёни нави 17 вилояти Афғонистон

Давлати Толибон 17 волиро мансуб кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ва ба нақл аз хабаргузории Бохтар, бар асоси феҳристи мунташиршуда Абдулғанӣ- волии Бадахшон, Муҳаммадалии Ҷон-волии Пактиё, қорӣ Барёлай-волии Кобул ва Нисор Аҳмад ба унвони волии Қундуз мнсуб шуданд .
Ҳамчунин бар асоси назари мулло Ҳабаттуллоҳ Охундзода-раҳбари Толибон, қорӣ Бахтиёролии Бағлон, мулло Хон- волии Лугар, Абдуллоҳи Мухтор-волии Пактико ва Абдуллоҳи Сарҳадӣ-волии Бомиён шуд .
Масъӯлияти идораи вилоёти Урузгон, Фароҳ ва Сари Пул низ ба ҳоҷӣ Даъват, Рӯҳонӣ ва Абдурраҳмон супурда шуд.
Шуъайб-волии Ҷузҷон, қорӣ Паҳлавон-волии Фориёб, Муҳаммадаминҷони Кӯчӣ-волии Майдонвардак, Бисмиллоҳ-волии Зобул, Наҷибуллоҳи Рафеъ-волии Нимрӯз ва Исҳоқи Охундзода ҳам волии Ғазнӣ шуданд .
Интисоботи тоза дар идороти маҳаллии Толибон дар ҳоле анҷом шуда, ки раванди ихроҷи “ афроди номатлуб ” аз суфуфи Толибон идома дорад . .