Бепаноҳии оворагон дар фасли сармо
Ноябр 11, 2021 14:27 Asia/Dushanbe
Сокинони вилояти ҳазоранишин Дойкандӣ, ки бо тасаллути Толибон маҷбур ба кӯчи иҷборӣ шудаанд, бо фарорсидани фасли сармо дар кӯҳу саҳро бесарпаноҳ ҳастанд.
Аҳмадшоҳи Иззатӣ, яке аз оворагон гуфтааст: « ду моҳ қабл шуморе аз паштунҳои маҳал бо ҳимояти Толибон дар Дойкундӣ бар сари даъвои ҳуқуқии замин, мардумро маҷбур ба кӯчи иҷборӣ ва тамоми дороишонро ғазаб карданд».
Кӯчи иҷборӣ фақат ба сокинони ин рӯсто хулоса намешавад, балки хавонин бо ҳамкории Толибон сокинони бархе рӯстоҳо низ маҷбур ба тарки хона шуданд.
Тибқи гуфтаҳои бузургони маҳаллӣ ҳудӯди 300 хонавода аз ин манотиқ овора шудаанд.
Гуфта мешавад, Толибон дар дигар вилоёт низ ҳазораҳоро маҷбур ба кӯчи иҷборӣ кардаанд.
Барчасп