Сафари филмноманависи ӯзбак ба Тоҷикистон
Ноябр 12, 2021 17:09 Asia/Dushanbe
Филмноманависи ӯзбакистонӣ барои сохти филми таърихӣ ба Тоҷикистон сафар кард.
Рустам Ҷабборов қарор аст дар сафар ба шаҳри Душанбе нигориши филмномаи “Ҷомӣ на Навоӣ” -ро такмил ва сохти ин асари телевизиониро оғоз кунад.
Вай дар муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо мудир, созандагони филм ва ҳунармандони Тоҷикистон дидор кард.
Дар ин мулоқот мавзӯоти марбут ба сохти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баҳсу баррасӣ шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки коргурӯҳҳои филмсозии Тоҷикистон ва Узбакистон то кунун се нишасти маҷозӣ дар хусуси сохт ва тавлиди ин филми таърихӣ баргузор карданд.
Барчасп