Ноябр 12, 2021 21:34 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар байни намозгузорон дар вилояти Нангарҳори Афғонистон

Ду намозгузори афғонистонӣ бар асари инфиҷори террористӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон шаҳид шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Шафақно”- и Афғонистон, ба нақл аз манобеи амниятии ин кишвар, бомбае имрӯз (ҷумъа) дар масҷиде дар шаҳристони Спин Ғари вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон мунфаҷир шуд, ки бар асари он 18 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Аммо тасовири мунташиршуда нишондиҳандаи талафоти сангин аст.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

Аз ҷузъиёти бештари ин инфиҷор гузорише дарёфт нашудааст.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аз 15 август то кунун, ин чаҳорумин ҳамла ба масҷидҳо дар Афғонистон аст.

Пеш аз ин ду масҷиди шиаён дар Қандаҳор ва Қундӯз ва ҳамчунин масҷиди Кобул ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гирифта буд.

Дар моҳҳои ахир чанд ҳамла ва инфиҷорҳои террористӣ дар вилоёти Нангарҳор, Кунар, Хуст, Кобул, Қундӯз ва Қандаҳор ба вуқуъ пайваст, ки аксари ин ҳамалотро гурӯҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст.

Давлати муваққати гуруҳи Толибон дар Афғонистон ваъда додааст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ -ро дар ин кишвар саркӯб ва нобуд кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп