Ноябр 14, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон поинтарин мизони воксиносиуни корона дар Осиёи Марказӣ

Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт : Кишвар аз назари воксиносиуни корона дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поинтарин мизон қарор дорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Одил Бойсаловуовини нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи Ситоди фаврии мубориза бо корона гуфт :  Бишкек аз назари воксиносиун алайҳи вируси корона аз кишварҳои ИДМ ду баробар ақибтар аст .

Вай ба кормандони ситод дастур дод барои мардум аҳамияти воксиносиунро ташреҳ кунанд .
Бойсалов ба идораи беҳдошти Бишкек дастур дод то марокизи воксиносиуни бештареро дар ин шаҳр барпо кунад ва як маъракаи иттилоотии воксиносиун анҷом диҳад .
Ӯ ҳамчунин ба мақомоти минтақа дастур дод то имконоти пизишкӣ монанди кислороди мавриди ниёзи мубталоёни ҳодди танаффусиро фароҳам кунанд ва ба мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти беҳдоштӣ ҳушдор дод бемороне ки кислород дарёфт накардаанд, барои масъӯлони марбута парвандаи қазоӣ ташкил дода хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар кулли даврони эпидемия теъдоди расмии қурбониёни вируси корона ба 2697 нафар расидаву теъдоди кулли мубталоён ба вируси корона 182 ҳазору 90 нафар баровард шудааст.
Қирғизистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз назари воксиносиун дар охирин рутба қарор гирифтааст, ки 15.3 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар ваксина шудаанд .

 

Барчасп