Аз саргирии парвозҳои муназами Бишкек-Нурсултон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i77028-Аз_саргирии_парвозҳои_муназами_Бишкек_Нурсултон
Пас аз як сол тавақуф парвозҳои муназами Бишкек-Нурсултон барқарор мешавад.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Ноябр 18, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии парвозҳои муназами Бишкек-Нурсултон

Пас аз як сол тавақуф парвозҳои муназами Бишкек-Нурсултон барқарор мешавад.

Ба гузориши хабаргузори Форс, пас аз тавақуфи яксола, парвозҳо аз фурудгоҳи байналмилалии Манаси Бишкек дар масири Нурсултон-Бишкек-Нурсултон барқарор шуд

Ин парвозҳо бо ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоӣ Эйр Астана анҷом мешавад.

Аз сеюми декабр парвозҳои ин масир 4 мартаба дар ҳафта душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.

Муддатзамони парвози Бишкек-Нурсултон як соату 50 дақиқа аст, парвози мустақими Бишкек-Нурсултон ба далели бемории корона аз аввали соли 2020 ба ҳолати таълиқ даромад.