Афзоиши мизони интиқоли пули муҳоҷирини корӣ аз Русия ба Узбакистон
(last modified Wed, 24 Nov 2021 10:11:22 GMT )
Ноябр 24, 2021 15:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мизони интиқоли пули муҳоҷирини корӣ аз Русия ба Узбакистон

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, мизони пули интиқолии муҳоҷирони ӯзбакистонӣ аз Русия ба Узбакистон то поёни соли ҷории мелодӣ ба 7 миллиарду 600 миллион доллар расид.

Ба гузориши “Аки Пресс”, бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ҳаволаҳои пулии муҳоҷирони ӯзбак аз Русия ба Узбакистон то поёни соли ҷории мелодӣ ба 7 миллиарду 600 миллион доллар мерасад. Ин нишондод нисбат ба соли гузаштаи мелодӣ 26 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Соли 2020 мелодӣ мизони ҳаволаҳои интиқоли пул аз Русия ба Узбакистон 6 миллиарду 30 миллион доллар буд.

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ҳаволаҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба Узбакистон 11. 6 дарсад даромади нохолиси миллиро ташкил медиҳад. Ин шохис дар Гурҷистони 12. 3 дарсад, дар Молдова 15. 2 дарсад, дар Қирғизистон 27. 8 дарсад ва дар Тоҷикистон 30. 1 дарсад баровард шудааст.

Бонки марказии Узбакистон дар моҳи сентябр эълом кард, ки тайи 8 моҳи соли 2021 мелодӣ ҳаволаҳои пулӣ ба кишвар ба 4 миллиарду 900 миллион доллар расидааст. Ҳаволаҳои пӯлӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2020 мелодӣ 35 дарсад (3 миллиарду 600 миллион доллар) ва нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2019 мелодӣ 26 дарсад (3 миллиарду 900 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.