Декабр 02, 2021 11:31 Asia/Dushanbe
  • Чопи пул бо тасвири Назарбоев дар Қазоқистон

Ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Қазоқистон, Бонки миллии пулеро бо тасвири аввалин раисиҷумҳури ин кишвар чоп кард.

Тасвири аввалин раисиҷумҳури Қазоқистон бар рӯи пули 20 ҳазор тангаи чоп шуда ва барои аввалин бор дар ҷаҳон, аз навори ғайри фулузӣ дар чопи пул истифода шудааст.

Дар рӯи пул намодҳои давлатии Қазоқистон, монанди Тоқи пирӯзӣ ва бинои ёдбуди «Қазоқ или» чоп шудааст.

Дар пушти пул низ манзарае аз шаҳри Нурсултон ва Оқурдӯ, иқоматгоҳи раисиҷумҳури Қазоқистон нақш бастааст.

Тасвири худи Назарбоев дар ду тарафи ин пул қарор дорад.

 

Барчасп