Ноябр 13, 2016 11:30 Asia/Dushanbe
  • Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо муовини вазири умури хорҷаи ин кишвар дар Бишкек, дидор ва мавзуи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Суҳроб Олимзода ва хонум Динора Камолова, роҷеъ ба масоили ихтилофоти марзӣ, густариши тиҷорат, транзити коло ва маҳсулот миёни ин ду кишвар баҳсу табодули назар шуд.

  Ҳамчунин дар ин дидор, мавзуи ҳамкориҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Бар асоси ин гузориш, дар нишасти камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки тайи рӯзҳои 22 ва 23 ноябри соли ҷорӣ дар Бишкек баргузор мегардад, мавзуи идомаи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя ва роҳҳои густариши тиҷорат дар манотиқи марзӣ, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.  

  Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои 970 километр марзи муштарак мебошанд, ки дар пайи беш аз 20 сол музокира, танҳо бар сари аломатгузории 520 километр аз ин марз, ба тавофуқ расидаанд.

  Набуди аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар дар қаламрави вилоятҳои Суғди Тоҷикиснон ва Ботканди Қирғизистон, борҳо сабаби таниш миёни сокинони ин манотиқ, бар сари истифода аз роҳҳои иртиботӣ, манобеи обӣ ва чарогоҳҳо шудааст.