Декабр 10, 2021 17:53 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон рекорддори арзонтарин нархи барқи ҷаҳон

Як пойгоҳи интерентии англисӣ баъд аз таҷзия ва таҳлили қимати барқ дар 230 кишвари мухталифи ҷаҳон, 3 кишвари Осиёи Марказиро ба феҳристи 10 кишвари дорои арзонтарин нархи барқи ҷаҳон афзуд.

Коршиносони пойгоҳи интерентии «Cable.co.uk» Британия дар гузорише Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро дар феҳристи 10 кишвари нахусти дорои арзонтарин нархи барқ дар ҷаҳон қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи таҷзия ва таҳлили қимати барқ дар 230 кишвари мухталифи ҷаҳон мушаххас шуд, ки кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Марказӣ ва ҳамчунин кишварҳои Шуравии собиқ дорои арзонтарин барқ дар саросари ҷаҳон ҳастанд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Қирғизистон дар мавқеъияти чаҳоруми ин феҳрист қарор дорад. Қимати ҳар як киловатт соат/барқ барои сокинони ин кишвар 0.017 доллар будааст.

Тоҷикистон бо қимати 0.023 доллар барои ҳар як киловатт соат/барқ дар мавқеияти 6 ин рутбабандӣ қарор гирифтааст.

Сокинони Узбекистон барои ҳар як киловатт соат/барқ 0.027 доллар пардохт мекунанд, лизо ин кишвар ҷойгоҳи ҳафтуми ин рутбабандиро ба худ ихтисос дода аст.

Қимати барқ дар Қазоқистон, яке дигар аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бар асоси ин гузориш 0.039 доллар буда ва ба ин далел Нурсултон вориди 10 кишвари дорои арзонтарин барқ дар ҷаҳон нашуда ва дар мавқеияти 16 ин феҳрист қарор гирифтааст.

Гаронтарин барқ дар ҷаҳон дар кишварҳои ҳавзаи Баҳри Кариб, кишварҳои ҷазираи дурафтодаи Уқёнуси Ором ва ҳамчунин дар Олмон ва Сумолӣ буда аст. Сокинони ин кишварҳо барои ҳар як киловатт соат/барқ байни 0.30 то 0.69 доллар пардохт мекунанд.

Барчасп