Декабр 12, 2021 17:55 Asia/Dushanbe
  • Хатари тақвияти терроризми ҷаҳонӣ пас аз тасаллути Толибон дар Афғонистон

Дабири Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гуфт : Бо тасаллути Толибон дар Афғонистон эҳтимоли тақвияти тероризми ҷаҳонӣ вуҷуд дорад .

Ба гузориши радиои тоҷиикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Қосимшоҳ Искандаров бо эъломи ин матлаб афзуд : Далоили зиёде вуҷуд дорад, ки бовар кунем ин кишвар бо ҳарҷу мараҷи бештар мувоҷеҳ хоҳад шуд ва метавонад бори дигар ба маркази омӯзишии террористҳо, қочоқчиёни маводи мухаддир ва силоҳ табдил шавад .

Дабири Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гуфт : Гуруҳҳои террористии мухталиф фаъолона аз вазъияти нопойдори низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон барои тақвияти мавқеъияти худ истифода мекунанд .
Ба гуфтаи Қосимшоҳ Искандаров дар сурати наандешидани тадбирҳои таъсиргузор вазъияти Афғонистон бадтар хоҳад шуд .
Қосимшоҳ Искандаров гуфт : Созмони Миллал Муттаҳид ва кишварҳо бояд аз Толибон бихоҳанд, ки ба ваъдаҳои худ амал кунанд, ҳукумати фарогир ташкил диҳанд, ба ҳуқуқи занону ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром бигузоранд ва бо терроризми байналмиллалӣ ва қочоқи маводи мухаддир мубориза кунанд.

 

Бештар бихонед :


 

 

Барчасп