Афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон
Мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши имрӯз, ҷумъаи хабаргузории “Форс”, Содиқ Имомӣ, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Фурқат Сиддиқов, муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон дар дидор бо якдигар дар шаҳри Душанбе (пойтахти Тоҷикистон) эълом карданд, мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар дар 10 моҳи соли ҷории мелодӣ бо афзоиши 29.9 дарсадӣ ба беш аз 354 миллион доллар расидааст.
Муовинони вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ин дидор ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ ва дар мавриди таомул дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.
Бештар бихонед:
Коҳиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон