Авзои номуносиб барои кӯдакони Афғонистон
(last modified Tue, 21 Dec 2021 06:00:05 GMT )
Декабр 21, 2021 11:00 Asia/Dushanbe
  • Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ: Беш аз 50 дарсади ҷамъияти Афғонистон бо гуруснагии шадид муҷовеҳ ҳастанд
    Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ: Беш аз 50 дарсади ҷамъияти Афғонистон бо гуруснагии шадид муҷовеҳ ҳастанд

Мавориди норасоии ғизои кӯдакон дар бархе аз вилоёти Афғонистон афзоиш ёфтаву авзоъ барои кӯдакон бадтар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон (Ово), дафтари Созмони пизишкони бидуни марз дар Афғонистон (MSF) рӯзи душанбе дар баёнияе аз афзоиши мавориди норасоии ғизои кӯдакон дар бештари вилоёти ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ин ниҳод идомаи хушксолӣ, камбуди маводи ғизоӣ, буҳрони иқтисодӣ ва адами як системаи коромади беҳдоштӣ дар Афғонистонро аз авомили умдаи афзоиши мавориди норасоии ғизои кӯдакон дар ин кишвар унвон кард.

Пеш аз ин Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки беш аз чаҳор даҳа низоъи маргбор ва офоти табиии мукаррар, сабаби тӯлонӣ шудани буҳрони маводи ғизоӣ дар Афғонистон шудааст.

Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал 25 октябр ҳушдор дод, аз ҳудуди 40 миллион ҷамъияти Афғонистон, беш аз 50 дарсади ҷамъияти он бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп