Ваъдаи СММ барои бузургтарин амалиёти кумакрасонӣ ба Афғонистон дар соли 2022
Муовини дабири кулли Созмони милал дар умӯри башардӯстона гуфт, соли оянда бузургтарин амалиёти кумакрасонӣ дар Афғонистон иҷро мешавад.
Мартин Гриффитс, муовини дабири кулли Созмони милал дар умӯри башардӯстона ва ҳамоҳангкунандаи имдоди изтирорӣ аз тасвиби қатъномаи 2615 Шӯрои амният бо унвони тасҳили кумакрасонӣ ба Афғонистон истиқбол ва таъкид кард, «ин тасмими муҳим, анҷоми фаврии талошҳои башардӯстона барои наҷоти ҷону рифоҳи афғонҳоро имконпазир месозад.»
Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба иттифоқи оро ба қатъномаи тасҳили кумакрасонӣ ба Афғонистон раъйи мусбат доданд.
Гриффитс хотирнишон кард, ҳудӯди 160 созмони башардӯстонаи миллӣ ва байналмилалӣ дар ҳоли ироаи кумакҳои асосӣ, монанди омӯзиш, обу фозилоб ва ҳимоят аз кишоварзӣ дар Афғонистон ҳастанд.
Гуфта шудааст, ки бо тасвиби ин қатънома, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон, ки дар остонаи суқӯти иқтисодӣ аст, осон, аммо дар айни ҳол дастрасии Толибон ба ин кумакҳои молӣ, масдӯд мешавад.
Пас аз ду даҳа ишғолгарии Амрико дар Афғонистон ва бо хурӯҷи хифтбор аз ин кишвар, миллионҳо нафар дар фақр ва набуди маводи ғизоӣ басар мебаранд ва хеле аз онҳо овора ва кушта шуданд.
Гурӯҳи Толибон аз 15 август қудратро дар Афғонистон бадаст гирифтааст.
Бештар бихонед:
- Хатари тақвияти терроризми ҷаҳонӣ пас аз тасаллути Толибон дар Афғонистон
- Иддаои Толибон: Тайи се моҳи гузашта содироти Афғонистон 132 дарсад рушд доштааст