Таҳлил: Тасвиби Қатъномаи осонсозии кумакрасонӣ ба Афғонистон дар Шӯрои амнияти СММ
(last modified Thu, 23 Dec 2021 18:47:08 GMT )
Декабр 23, 2021 23:47 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тасвиби Қатъномаи осонсозии кумакрасонӣ ба Афғонистон дар Шӯрои амнияти СММ

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе ба иттифоқи оро ба Қатъномаи тасҳили кумакрасонӣ ба Афғонистон раъйи мусбат доданд. Бо тасвиби ин қатънома, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон, ки дар остонаи суқути иқтисодӣ аст, тасҳил, аммо дар айни ҳол дастрасии Толибон ба ин кумакҳои молӣ масдуд мешавад.

Тибқи ин қатънома пардохти вуҷуҳ, ироаи дороиҳои молӣ ё манобеи иқтисодӣ, колоҳо ва хадамоти лозим барои итминон аз ироаи бамавқеи кумакҳои башардӯстона ё ҳимоят аз чунин фаъолиятҳое дар Афғонистон муҷоз шумурда шудааст. Ин кумакҳо аз ниёзҳои аввалияи инсонӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва нақзи таҳримҳои эъмолшуда бар ниҳодҳои муртабит бо Толибон нест.

Баназар мерасад, тасвиби ин қатънома бо тавваҷуҳ ба вахомати рӯзафзуни вазъияти иқтисодии Афғонистон ва фақри рӯзафзуни мардуми ин кишвар сурат гирифта ва ба ҳамин далел ҳамаи аъзои Шӯрои амният ба он раъйи мусбат доданд. Ба гуфтаи СММ дар ҳоли ҳозир нархи фақр дар Афғонистон 72 дарсад буда ва дар сурати идомаи раванди кунунӣ то нимаи нахусти соли ояндаи милодӣ ба 97 дарсад хоҳад расид. Мақомоти ин созмон хостори таъмини буҷети мавриди ниёз барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии сохтори иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон шудаанд.

Дебора Лиянс (Deborah Lyons), намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Афғонистон мегӯяд: Баста доштани дороиҳои Афғонистон ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз расидани кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар боис мешавад, ки миллионҳо афғонистонӣ бо хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ шудаву боиси эҷоди мавҷи бузурге аз оворагони афғонистонӣ хоҳад шуд.

Ҳушдори СММ бо тавваҷуҳ ба сиёсати ғарбиҳо дар заминаи блока кардани пулҳои Афғонистон, бавижа дар Амрико ва низ адами ироаи ҳеҷ гуна чашмандози мушаххасе дар бораи наҳваи таомул бо Афғонистон сурат гирифтааст. Аз замоне, ки Толибон дар авосити моҳи августи 2021 дар Афғонистон ба қудрат расид, Амрико 9.5 миллиард доллар аз дороиҳои Бонки марказии Афғонистонро масдуд кардааст.

Ҳанӯз ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Ҳамчунин Толибон дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Амрико қарор дорад ва бар ин асос Толибон наметавонанд ба дороиҳои Афғонистон даст ёбанд. Бо ин ҳол ин вазъияти ибҳомомез ва ба расмияти нашинохтани Толибону таҳрими он, амалан мӯҷиб шуда то мардуми Афғонистон дар остонаи як фоҷеъаи инсонӣ ба далели вуҷӯди мавонеъи мухталиф дар масири кумакрасонӣ ба ин кишвар қарор бигиранд.

Ҳамин масъал интиқодоти Русия ва Чин ба унвони ду узви доими Шӯрои амният аз рӯйкарди ғарбиҳо бавижа Амрико дар қиболи Афғонистонро мӯҷиб шудааст. Ин масъала дар ҷараёни раванди тасвиби қатъномаи ахир дар бораи тасҳили кумакрасонӣ ба Афғонистон ба равшанӣ дида шуд. Пешнависи қатъномаи қаблии пешниҳодӣ аз сӯи Амрико, ки хоҳони мувофиқати мавридӣ бо ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистону муъофият аз таҳримҳо буд, аз сӯи Чину Русияи мавриди мувофиқат қарор нагирифт. Ба ҳамин далел музокирот дар мавриди пешнависи қатъномае, ки Амрико онро пешниҳод карда буд ба душворӣ пеш рафт.

Чин муътақид буд, дастуруламалҳои фаннии Кумитаи таҳримҳои Афғонистон, шомил нашудани таҳримҳо дар заминаҳои башардӯстонаро нишон медиҳаду Русия низ аз мавзеи Чин ҳимоят кард.

Ҳамин амр мӯҷиби шуд то Амрико низ ночор шавад то аз истисно кардани кумакҳои инсонӣ ба Афғонистон аз ҳаргуна таҳрим ва низ аҳамияти нақши ҷомеъаи байналмилалӣ дар Афғонистон ҳимоят кунад. Барағми тасвиби Қатъномаи тасҳили кумакрасонӣ ба мардуми Афғонистон дар Шӯрои амният, аммо масъалаи асосӣ ва муҳим таъйини таклифи вазъияти сиёсии Афғонистону мавқеъияти Толибон аз дидгоҳи Созмони милал ва қудратҳои байналмилалӣ аст.

Дар воқеъ акнӯн наҳваи таъомул бо Афғонистон дар ҷанбаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ бо тавваҷӯҳ ба инки Толибон аз сӯи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст, дучори билотаклифӣ ва ибҳом аст.

 

Бештар бихонед: