Тавофуқи Узбакистон ва Қирғизистон бар сари 14 нуқтаи марзӣ
(last modified 2016-11-14T13:25:34+00:00 )
Ноябр 14, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Узбакистон ва Қирғизистон бар сари 14 нуқтаи марзӣ

Мақомоти Узбакистон ва Қирғизистон бар сари 14 нуқтаи марзӣ ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши Радио тоҷикӣ ба нақл аз хабаргузории Форс, мақомоти Тошканд ва Бишкек, дар даври ҷадиди гуфтугуҳои дуҷониба, ки аз 8 то 13-уми ноябр дар Фарғона баргузор шуд, 14 нуқтаи марзии мавриди ихтилофи Узбакистон ва Қирғизистонро баррасӣ ва барои ҳалли ин ихтилофот тавофуқ карданд.

Бештари ихтилофоти марзии ду кишвар ба вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғонаи Узбакистон дар марзи муштарак бо вилоятҳои Ботканд, Ҷалолобод ва Уши Қирғизистон марбут мешавад.

Ихтилофот ва марзбандиҳои дохилӣ ва маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз гузашти 25 сол аз истиқлоли онҳо, ҳануз ҳал нашудааст.