Декабр 29, 2021 15:50 Asia/Dushanbe
  • Кумаки башардӯстонаи 155 тоннаии Қазоқистон ба Афғонистон

Вазорати тиҷорати Қазоқистон аз ироаи кумаки башардӯстона, шомили маҳсулоти ғизоӣ ва доруӣ ба Афғонистон хабар дод.

Бахит Султонов, вазири тиҷорати Қазоқистон ба манзури анҷоми музокироти тиҷорӣ ба Афғонистон сафар кард.

Ҳамзамон бо сафари ин мақоми қазоқ, кумаки башардӯстона, шомили либос, орд ва дору ба ин кишвар ирсол шуд.

Пас аз ин, ҳамчунин як маҳмулаи башардӯстонаи 155 тоннии дигар, ҳомили маҳсулоти ғизоӣ ва доруӣ ба Кобул ирсол мешавад.

Мақоми қаззоқ дар музокирот бо намояндагони давлати Афғонистон дар ин маврид гуфт: 1. 5 тон дору ирсол кардем, ҳамчунин як маҳмулаи башардӯстона бо маводи ғизоӣ ва доруӣ ба мизони ҳудуди 155 тон ва ба арзиши 1. 9 миллион доллар аз Қазоқистон хориҷ ва дар роҳи Афғонистон аст.

Бинобар суханони Султонов, ба дастури раиси ҷумҳурии Қазоқистон ин кишвар кумаки башардӯстона дар қолаби 5 ҳазор тон орд ба мардуми бародари Афғонистон ихтисос додааст.

Илова бар ин, тарафи қазоқӣ эълом кард, ки Нурсултон ба таври комил аз талошҳои Созмони Милал барои ғалаба бар буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ҳимоят ва дар он мушорикат мекунад.

 

Барчасп