Январ 03, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Қазоқистон бо намояндаи вижаи Чин дар умури АвруОсиё

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо намояндаи вижаи давлати Чин дар умури кишварҳои АвруОсиё дидору гуфтугӯ кард.

Мухтор Тлеубурди дар дидор бо Ли Ҳуё гуфт, равобити Қазоқистон ва Чин бо гузашти 30 сол роҳбурдӣ шудааст. 

Тлеубурди афзуд, дар ин муддат эътимоди сиёсӣ ва мушорикати тиҷорӣ байни ду кишвар низ эҷод шудааст. 

Намояндаи вижаи давлати Чин дар умури АвруОсиё низ мушорикати роҳбурдӣ бо Қазоқистонро яке аз ҷиҳоти авлавиятдори сиёсати хориҷии кишвараш номид ва гуфт, ду кишвар дар чорчӯби СММ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё ҳамкории наздик доранд. 

 

Бештар бихонед: 

Сояи корона бар равобити иқтисодии Қазоқистон ва Чин

Мақоми қазоқ: Чин ба дунболи таҳмили идеология ва сиёсати худ ба Қазоқистон нест

Барчасп