Таниш дар марзи Афғонистон ва Туркманистон
Январ 05, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
Байни аъзои Толибон ва марзбонони Туркманистон даргирии мусаллаҳона рух дод.
Ҳилоли Балхӣ, волии Толибон дар вилояти Ҷузҷон гуфт, дар посух ба иқдомоти чанд рӯзи гузашта марзбонони туркман, ки иқдом ба тирандозӣ ба самти хоки Афғонистон карда буданд, дар иқдоме ҷавобӣ ба тарафи сарбозони туркман тирандозӣ шуд.
Ин даргирӣ дар минтақаи Ҳамоб, дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон рух дод. Ҷузъиёти дигаре аз ин рӯйдод ҳанӯз мушаххас нест.
Моҳи декабр низ ҳаводиси мушобеҳе дар марзҳои Афғонистон бо Эрон ва Покистон ҳам рух дода буд.