Дархости Толибон барои бозгардондани болгард аз мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон
Январ 05, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
Толибон хостори бозгардондани 40 фарванд болгарди Афғонистон аз Тоҷикистон ва Узбакистон шуд.
Муовини сухангуи ҳукумати Толибон мегуяд 40 фарванд болгарди Афғонистон дар паӣ суқути давлати пешин ба Тоҷикистон ва Узбакистон мунтақил шудааст.
Анъомуллоҳ Самангонӣ афзуд: Гуфтугӯҳо дар ин бора бо мақомоти тоҷик ва узбак оғоз шуд, аммо ин ду кишвар то кунун ин болгардҳоро ба Афғонистон таҳвил надоданд.
Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангуи вазорати дифоъи Толибон низ гуфт: борҳо аз мақомоти ин ду кишвар хоста шуд то ин болгардҳоро ба Афғонистон таҳвил диҳанд.
Бар асоси омор, то пеш аз суқути давлати пешин, артиши Афғонистон 164 болгард дошт.
Барчасп