Таъкиди СММ бар дурӣ аз хушунат дар Қазоқистон
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар пайи нооромиҳои ахир дар Қазоқистон, аз ҳамаи тарафҳо дар ин кишвар хост, аз хушунат дурӣ кунанд.
Ба гузориши ИРНА, Стефан Дюжаррик (Stéphane Dujarric), сухангӯи Созмони милали рӯзи ҷумъа бо баёни инки мо аз наздик вазъияти Қазоқистонро дунбол мекунем, тасреҳ кард: Мо бори дигар аз ҳамаи тарафҳо мехоҳем аз худ хештандорӣ нишон дода ва аз хушунат дурӣ кунанду масоилро ба сӯрати мусолиматомез ҳал кунанд.
Вай бо таъкид бар инки "куштани афсарони полис ва муътаризон ғайри қобил қабул аст", изҳор дошт: Дар ҳар вазъияте ва ҳангоми эҷоди назми умумӣ, ниёз аст, ки ҳуқуқи башар ва стандартҳо ва қавонини байналмилалӣ риоят шавад.
Комиссари олии ҳуқуқи башар рӯзи гузашта (ҷумъа) ба мақомоти қазоқистонӣ ёдоварӣ кард, истифода аз зур ба хусӯс тирандозӣ бояд дар шароити бисёр хос ва ба унвони охирин абзор алайҳи ашхоси хос ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таҳдиди ҳатмии марг ё ҷароҳат истифода шавад.
Мардуми Қазоқистон дувуми январ ва як рӯз пас аз афзоиши қимати сӯхт, ба хиёбонҳо омаданду алайҳи ин тасмими давлат тазоҳурот карданд.
Бинобар эъломи вазорати кишвари Қазоқистон, беш аз 3 ҳазор нафар дар ҷараёни нооромиҳо дар эътироз ба афзоиши баҳои газ дар ин кишвар дастгир ва 26 тан аз нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, рӯйдодҳои рӯзҳои ахир дар ин кишварро иқдомоти хасмонаи хориҷӣ донист ва эълом кард, ин воқеаҳо, аз пеш барномарезӣ ва таъмини молӣ шудааст.
Бештар бихонед:
- Коршиносони тоҷик эътирозҳои мардумӣ дар Қазоқистонро шарҳ медиҳанд
- Эъзоми 200 низомии тоҷик дар қолаби нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон