Афзоиши 2. 5 баробарии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i79544
Тоҷикистон ва Туркманистон мизони табодулоти тиҷориро ба 2. 5 баробар афзоиш доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 10, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2. 5 баробарии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркманистон

Тоҷикистон ва Туркманистон мизони табодулоти тиҷориро ба 2. 5 баробар афзоиш доданд.

Ба гузориши «Форс», ба гуфтаи коршиносон афзоиши мубодилоти тиҷорӣ натиҷаи музокироти Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонқули Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон дар августи 2021 аст.

Дар ин дидор теъдоде аснод байни ду кишвар дар заминаҳои молӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва саноатӣ имзо шуд.

Ин аснод шомили тавофуқномаи эҷоди хонаҳои тиҷорӣ дар ду кишвар, барномаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, нақшаи роҳи афзоиши гардиши молӣ барои солҳои 2021 – 2023, тавофуқномаи эҷоди шӯрои тиҷории утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Туркманистон буд.