Радди вуҷуди пойгоҳҳои омӯзиши низомӣ дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон
(last modified Wed, 12 Jan 2022 06:07:25 GMT )
Январ 12, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Радди вуҷуди пойгоҳҳои омӯзиши низомӣ дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон

Толибон вуҷуди пойгоҳҳои омӯзишии террористӣ дар наздикии марзи Тоҷикистонро рад кард.

Муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Толибон суханони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вуҷуди пойгоҳҳои омӯзишии террористҳо дар наздикии марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистонро беасос хонд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Билол Каримӣ гуфт, суханони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вуҷуди 6 ҳазор ҷангҷӯи мусаллаҳ ва 40 маркази омӯзишии гуруҳҳои террористӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нодуруст аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ, ки ба баррасии авзои Қазоқистон ихтисос дошт, аз таҳдиди гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Вай бар зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддӣ барои тақвияти ҳифозат аз навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ маҳсуб мешавад, таъкид кард.

Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, барои ҷилавгирӣ аз густариши ноамниҳо аз Афғонистон ба дигар кишварҳои минтақа бояд камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон эҷод шавад.