Январ 13, 2022 11:49 Asia/Dushanbe
  • Поксозӣ аз афроди вобаста ба ҷараёнҳои террористӣ дар Қазоқистон шиддат гирифтааст
    Поксозӣ аз афроди вобаста ба ҷараёнҳои террористӣ дар Қазоқистон шиддат гирифтааст

Бо барқарории оромиш дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, мавзӯи поксозии шаҳрҳои мухталифи ин кишвар аз афроди вобаста ба ҷараёнҳои террористӣ бахусус дар шаҳри Алмаато шиддати бештаре гирифтааст.

Дар идомаи ин раванд, боздошти афроде, ки бо аҳдофи хосе фаъолият доштаанд, дар дастури кори давлати Нурсултон ва нерӯҳои амниятии Қазоқистон қарор гирифтааст.

Эътирозҳои мардумии ахир дар Қазоқистон, илова бар давлати Нурсултон, Русия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро низ ба шиддат нигарон кардааст. Бархе ифшогариҳо аз ҳаводиси як ҳафтаи ахир дар Қазоқистон ҳокӣ аз он аст, ки нерӯҳои норозии дохилӣ мутамоил ба ғарбгароӣ ва ҷараёни пантуркӣ аст, илова бар ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ дар Қазоқистон, қасд доштаанд сиёсати давлатҳои ғарбӣ ва саҳюнизми байналмилалро алайҳи кишварҳои мустақили минтақа, дар бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ иҷро кунанд. Дар ҳамин иртибот, Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон бори дигар дар заминаи вуруди террористҳо ва тараддуди онҳо аз тариқи марзҳои кишварҳои минтақа, ҳушдор додааст.

Оқилбек Ҷабборов дар суханронии худ бо ишора ба вазъияти номатлуб дар Қазоқистон, гуфтааст: "Ҳаводиси фоҷеабори ахир дар Қазоқистон гувоҳи ин воқеият аст, ки аносури мухарриб бо истифода аз фарояндҳои дохилии кишварҳои минтақа, талош мекунанд, фаъолиятҳои таркибии террористии худро ба манзури тазъифи давлатҳо, амнияту тамомияти арзии кишварҳои минтақа дунбол ва фазои ҳарҷу марҷ, бебандборӣ ва ҷинояткории афсоргусехта, дар Осиёи Марказӣ эҷод кунанд".

Изҳороти нахуствазири Қирғизистон аз нигаронии давлати Бишкек перомуни рӯйдодҳои ахири Қазоқистон ҳикоят дорад. Бидуни шак, вокуниши ин мақоми баландпояи Қирғизистонро бояд танҳо як намуна аз нигарониҳои иброзшудаи кишварҳои минтақа қаламдод кард.

Давлатҳои ғарбӣ ва давлатҳои мутамоил ба Ғарб ва нерӯҳои вобаста ба ҷараёни ғарбгаро дар минтақа, талоши музоъафе ба кор гирифтаанд то бо эҷоди ошуб ва ҳарҷу марҷ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, фишорҳои худро бар Русия ва дигар кишварҳои мустақил дар минтақа ташдид кунанд.

Ҳадафи давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико, Англия ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ, зарба задан ба кишварҳои мустақили минтақа бавижа Русия ва афзоиши ҳазинаҳои ин кишвар дар Осиё Марказӣ аст.

Аз замони оғози эътирозҳои мардумӣ дар Қазоқистон ба баҳонаи афзоиши баҳои гази масрафии худравҳо, давлати Нурсултон ва кишварҳои мустақиле назири Эрон, Русия ва Чин нақши давлатҳои бегона ва авомили вобаста ба бегонагонро дар ин ҳаводис ифшо карда буданд. Дар ҳақиқат, эътирозҳои мардумӣ дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон баҳонае барои мухолифони сиёсатҳои Русия дар ин кишвар фароҳам кард то бо кумаки давлатҳои бегона, ба эҷоди ошуб иқдом кунанд.

Дар ҳамин иртибот, як таҳлилгари Ҷумҳурии Озарбойҷон дар гуфтугу бо барномаи "Achiq Soz", радиои бурунмарзии Табрез, гуфтааст: "Русия тавтеаҳо ва тарҳҳои Англияро дар Қазоқистон хунсо кардааст".

Шайх Урхон Муҳаммадов, таҳлилгари Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин гуфт: "Русия бо сабқат гирифтан аз тарҳи тобистони гарми Қазоқистон дар соли ҷории милодӣ, тарроҳиҳои Англия ва Туркияро барои дар ихтиёр гирифтани тамомии манобеи қудрат ва сарват ва роҳҳои иртиботии байналмилалӣ дар Қазоқистон барҳам зад".

Ин коршиноси сиёсии озарӣ мегӯяд: Қарор буд, Англия ба кумаки Туркия ва бархе аз нерӯҳои вобаста ба авомили дохилӣ дар Қазоқистон, бо эътирозҳои мардумӣ, қасд доштанд давлати феълии Нурсултон ба раҳбарии Қосим Ҷомарт Тоқаевро аз маснади қудрат ба зер бикашанд ва бори дигар як давлати вобаста ба ҷараёни ғарбгаро ва туркгароеро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ рӯи кор биоваранд. Муқарар шуда буд, ин тарҳ дар тобистони соли ҷории милодӣ иҷро шавад. Аммо Русия ба ин тавтеаи пай бурд ва бо пеш кашидан бархе рӯйдодҳо, тарҳи муштараки Англия ва Туркияро дар Қазоқистон хунсо кардааст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз руйдодҳои рӯзҳои ахири Қазоқистон, бояд гуфт, дахолати давлатҳои бегона дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муъзале барои ин кишварҳо табдил шудааст. Дар айни ҳол, қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ талош мекунанд кишварҳои Осиёи Марказиро ба арсаи рақобатҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил кунад. Бадеҳист, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд муроқиби рафторҳои худ бошанд ва ба давлатҳои ғарбӣ ва кишварҳои бегона, ки дар либоси дӯст ворид мешаванд, эътимод накунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп