Тасвиби сохтори Парлумони Қирғизистон
Январ 14, 2022 20:07 Asia/Dushanbe
Намояндагони Парлумони Қирғизистон сохтори ҷадиди ин ниҳоди қонуниро тасвиб карданд.
Ба гузориши «Форс», намояндагони давраи ҳафтуми Парлумони Қирғизистон дар ҷаласае сохтори парлумонро ба сурати 8 кумита ва 3 ноиби сухангӯ тасвиб карданд.
Барои сохтори ҷадиди парлумон 72 намоянда раъйи мувофиқ ва 4 намоянда раъйи мухолиф доданд.
28 ноябри соли гузашта дар Қирғизистон давраи ҳафтуми интихоботи парлумонӣ баргузор шуд ва дар ин интихобот 88 намоянда интихоб шуданд.
Барчасп