Январ 16, 2022 22:35 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти занон дар Кобул

Гурӯҳе аз занони афғон дар эътироз ба иҷборӣ шудани ҳиҷоб ба хиёбонҳои Кобул пойтахти Афғонистон омаданд.

Ба гузориши хабаргузории Исно, теъдоди аз занони афғон рӯзи якшанбе дар эътироз ба дархости Вазорати амри ба маъруф ва наҳйе аз мункари  Толибон мабнӣ бар риъояти ҳиҷоб ва пӯшидани рӯсарӣ, дар Кобул тазоҳурот карданд.

Яке аз занони муътариз гӯфт: Ин эътироз барои дифоъ аз ҳуқуқи занон ба сурати мусолиматомез буд, аммо тавассути Толибон бо гази ашковар саркуб шуд.

Гурӯҳи Толибон, ки аз 15 август қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта аст талош мекунад ба мардуми ин кишвар ва ҷомеъаи байналмиллалӣ дар бораи риъояти ҳуқуқи занон итминони хотир бидиҳад, аммо то кунун иҷроӣ накарда аст.

Маҳрум мондани занон ва духтарон аз омӯзиш ва надоштани кор дар давлати Толибон ҳамвора аз нукоти қобили баҳс дар Афғонистон ва нишастҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ буда аст.

 

Барчасп