Барканории домодҳои раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон аз раёсати ширкатҳои бузурги давлатӣ
(last modified Tue, 18 Jan 2022 06:23:23 GMT )
Январ 18, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
  • Барканории домодҳои раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон аз раёсати ширкатҳои бузурги давлатӣ

Домодҳои Нурсултон Назарбаев аз раёсати ширкатҳои бузурги давлатӣ барканор шуданд.

Сандӯқи “Samruk - Kazyna”, ки бузургтарин дороиҳои давлатии Қазоқистонро идора мекунад, аз барканории Димаш Досанов, раиси ширкат “KazTransOil”  ва Кайрат Шарипбаев, раиси раёсати “KAZAKHGAS ” хабар дод.

Онҳо ҳамсарони Олия Назарбоева ва Дарига Назарбаева, духтарони Назарбоева ҳастанд.

Олия Назарбоева пас аз ин иқдоми сафҳаи “Инстаграм” ва “Фейсбук”-и худро ҳазф кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Олия Назарбаева нахустин узви хонавода буд, ки дар бораи тазоҳурот ва ошӯбҳо дар Қазоқистон изҳори назар кард ва расонаҳо аз тарки ватани ӯ ва иқомат дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд.

Нурсултон Назарбоев пас аз як давраи 29 сола ба унвони аввалин раисиҷумҳури Қазоқистон 19 марти 2019 истеъфо ва Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси пешини Сенаи Қазоқистонро ба унвони раёсатҷумҳурии муваққати ин кишвар таъйин кард.

Вай пас аз истеъфо аз раёсатиҷумҳурӣ, раёсати Шӯрои амнияти Қазоқистонро бар ӯҳда дошт.