Январ 20, 2022 22:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати колову маводи ғизоӣ дар Кобул

Қимати колову маводи ғизоӣ дар Кобул ( пойтахти Афғонистон ) афзоиш ёфтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон, шаҳрвандони Кобул аз давлати муваққати Толибон дар Афғонистон хостанд аз афзоиши беравияи қимати колоҳову маводи ғизоӣ ҷилавгирӣ кунад .
Абдуллоҳи Юсуф аз шаҳрвандони Кобул гуфт : Қиматии маводи аввалия ба авҷи худ расидаасту мардум тавони хариди маводи аввалияро надоранд, ҳама дар фақру гуруснагӣ ба сар мебаранд .
Дар ҳамин ҳол мулло Муҳаммадҳасан Охунд- раиси давлати муваққати Толибон дар Афғонистон дируз дар нишасти якрӯза бо унвони « Иқтисоди Афғонистон » дар Кобул гуфт : Масдуд шудани дороиҳои ин кишвар аз тарафи Амрико иллати аслии буҳрони иқтисодӣ Афғонистон аст .
Дар ин шароити бади иқтисодии Афғонистон  Амрико ҳудуди 10 миллиард доллар дороиҳои мардуми Афғонистонро масдуд кардааст .
Низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ бо хиффат, хорӣ ва шикаст авохири августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд.

 

Барчасп