Баргузории чаҳорумин нишасти Комиссиюни давлатии Узбекистону Уммон
(last modified Sun, 23 Jan 2022 07:20:13 GMT )
Январ 23, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
  • Баргузории чаҳорумин нишасти Комиссиюни давлатии Узбекистону Уммон

Чаҳорумин нишасти Комиссиюни байнидавлатӣ дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ байни Узбекистону Уммон ба сурати видеоконфаронс баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин нишаст ба раёсати Шуҳрат Вафоев-муовини вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ ва шайх Халифа бен Алӣ алорисӣ-муовини вазири умӯри хориҷаи Уммон баргузор шуд .
Тарафайн дар ин ҷаласа мавзӯъоти таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва фаннӣ ва ҳамчунин широкат дар ҳавзаҳои гардишгарӣ, ҳамлу нақл,манобеи инсонӣ ва ҳимояти иҷтимоиро баррасӣ карданд .
Ширкаткунандагон дар ин нишаст ҳамчунин созу корҳои пешбурди тарҳҳо, барномаҳо ва ибтикороти муштараки ҷадид дар абъоди авлавиятдорро ҳамоҳанг карданд.
Ҳамчунин бар фурсатҳои густарда барои ташдиди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи тиҷорати мутақобил дар заминаҳои нафту газимиёӣ, барқ, тавлиди маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, гардишгарӣ ва дигар ҳавзаҳо таъкид шуд .
Тарафайн дар мавриди баррасии муштараки имконоти афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва таҳияи пешниҳодоти рафъи мавонеъи мавҷуд дар равобити тиҷории ду кишвар ба тавофуқ расиданд .
Мақомоти ду кишвар омодагии худро барои анҷоми иқдомоти муштарак барои ҷалби маҳофили тиҷории ду кишвар ҷиҳати барқарории равобити наздиктар ва иҷрои тарҳҳои муштарак эълом карданд .
Дар поёни ин нишаст дар мавриди густариши ҳамкориҳои мутақобил дар абъоди баррасишуда як протокол имзо шуд .