Таҳвили 32 миллион доллар пули нақд ба Толибон
Январ 24, 2022 19:49 Asia/Dushanbe
Созмони Миллал 32 миллион доллар пули нақд ба Бонки марказии Толибон таҳвил дод.
Бонки марказии Толибон эълом кард дар идомаи кумакҳои башардустонаи Созмони Милллали Мутаҳид ба Афғонистон маҳмулаи ҳовии 32 миллион доллар пули нақд ба Кобул расид.
Ин кумаки нақдӣ аз тариқи фурудгоҳи Кобул ба бонки байналмилалии Афғонистон интиқол дода шуд.
Пеш аз ин Созмони миллалӣ муттаҳид эълом карда буд, ки то поёни марти 2022 ҳар ҳафта 30 миллион доллар кумаки нақдӣ ба Афғонистон ирсол мекунад.
Бо тавақуфи кумакҳои нақдии кишварҳо ба Афғонистон ва эълмоли маҳдудиятҳо аз сӯи Амрико бозорҳои ин кишвар бо буҳрони нақдинагӣ ру ба ру шудааст.
Барчасп