Январ 24, 2022 19:51 Asia/Dushanbe
  • Гуруҳи ДИИШ масулияти ҳамлаи террористӣ дар Ҳиротро пазируфт

Гуруҳи террористии ДИИШ масулияти ҳамлаи маргбори рӯзи шанбе дар минтақаи шиъанишини шаҳри Ҳиротро бар уҳда гирифт.

Хабаргузории Ретер гузориш дода аст, ки гуруҳи ДИИШ бо интишори шарҳе дар канали телеграмӣ, масулияти ҳамларо бар уҳда гирифта аст.

Бар асари инфиҷори як минаи часпида ба баданаи мошини мусофирбарӣ дар маҳаллаи ҳоҷӣ Аббос дар ғарби шаҳри Ҳирот ҳафт тан кушта ва 10 тани дигар захми шуданд.

Қурбониён, ғайринизомиён шомили занон ва кудакон ҳастанд.

 

Барчасп