Январ 25, 2022 12:32 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 150 ҳазор доз воксани «Pfizer» ба Қирғизистон

150 ҳазор доз воксани «Pfizer» ба Қирғизистон ирсол шуд.

Ба гузориши АКИпресс, дар чорчӯби барномаи ҷаҳонии Квокс ба Қирғизистон 149 ҳазору 760 доз воксани коронаи «Pfizer» ирсол шуд.

Дар маҷмӯ, Амрико аз октябри соли 2021 ҳудуди 450 ҳазор доз воксани Ковид - 19 ба Қирғизистон эҳдо кардааст.

Бар асоси омори расмии вазорати беҳдошти Қирғизистон, 40 ҳазор нафар бо воксани «Pfizer» ваксина шуданд ва 62 ҳазор қирғизистонӣ низ як дози воксан тазриқ карданд.

Муовини вазири беҳдошти Қирғизистон пас аз таҳвили воксанҳои корона гуфт, ба лутфи ҳимояти шарикони байналмилалӣ, воксанҳо барои ҳамаи мардум дар дастрас аст, ман аз ҳамаи мардуми Қирғизистон мехоҳам, ки ҳарчӣ сареътар ваксина шаванд то худ ва азизони худро аз давраи шадиди беморӣ муҳофизат кунанд.

Вай гуфт, равияи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки ваксинатсия яке аз муассиртарин равишҳои мубориза бо Ковид – 19 аст.

Бештар бихонед:

Барчасп