Ашраф Ғанӣ сакта кард
Январ 25, 2022 13:36 Asia/Dushanbe
Расонаҳо аз сактаи мағзии раисиҷумҳури пешини Афғонистон хабар медиҳанд.
Ба гузориши рӯзномаи Кобултаймс, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон сактаи мағзӣ кардааст.
Хабаргузории ББС низ бо таъйиди ин хабар ба нақл аз як манбаи муътабар дар Абу Забӣ дар ин хусус эълом кард, Ашраф Ғанӣ дар маҳали иқоматаш дучори сактаи мағзӣ шудааст.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ, Ашраф Ғанӣ пас аз сакта ба бемористони Шайх Зоҳид мунтақил шуда ва таҳти муроқибатҳои вижа қарор гирифт.
Токунун иттилооти бештаре перомуни ин хабар мунташир нашудааст.
Барчасп