Январ 26, 2022 15:21 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 7 миллиард доллар барои тавсеаи зербиноҳои иҷтимоии Узбакистон

Узбакистон то соли 2024 мелодӣ барои иҷрои барномаи «Тавсеаи зербиноҳои иҷтимоӣ ва тавлидӣ» дар кишвар 7 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон барномаи «Тавсеаи зербиноҳои иҷтимоӣ ва тавлидии Узбакистон барои солҳои 2022 ва 2024 мелодӣ» -ро тасвиб кард.

Бар асоси ин барнома, барномарезӣ шудааст, ки дар солҳои 2022 ва 2024 милодӣ 54 ҳазору 230 муассисаи омӯзиши умумӣ ва 8 ҳазору 358 муассисаи омӯзиши олии бумӣ, 259 ҳазору 101 муассисаи омӯзишӣ, 248 толори варзишӣ, мактабҳои ва халлоқу тахассусӣ, 88 ҳазору 310 кӯдакистону пешдабистонӣ ва 24 ҳазору 213 муассисаи беҳдошти маҳаллӣ баҳрабардорӣ шавад.

Дар ҳамин росто, комиссияи ҷумҳуриявӣ дар тавсеаи зербиноҳои иҷтимоӣ ва тавлидӣ таъсис шудааст.

Ин комиссия фаъолияти вазоратхонаҳо, созмонҳо, иттиҳодияҳои тиҷорӣ ва ниҳодҳои маҳаллии ширкаткунанда дар ин барномаро ҳамоҳанг мекунад.

 

 

 

Барчасп