Январ 29, 2022 19:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Туркманистон ва Тотористон барои сохти Ашқободи ҳушманд

Ҳафтумин нишасти коргуруҳи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ ва фарҳангии Туркманистон ва Тотористон ба сурати видеоӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузори Форс, дар ин нишаст раёсати коргуруҳи Туркманистонро Муҳаммадгелди Сардоров вазири дорои ва иқтисодии ин кишвар ва раёсати гуруҳи Тотористонро Олберт Каримов муовини нахуствазир, вазири санъат ва тиҷорати ин кишвар бар ӯҳда дошт.

Ҳар ду тараф дар ин нишаст ба имкони густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нефт ва газ ва ҳамчунин санъат таваҷҷуҳи вижа доштанд.

Ду тараф ҳамчунин бар тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои кишоварзӣ ва ҳифозат аз муҳити зист, илм ва омӯзиш, беҳдошту дармон ва саноати пизишкӣ, фарҳанг ва варзиш таъкид карданд.

Ҳамчунин аз дигар мавзуъоти муҳими ин нишаст таъомул дар ҳавзаи иртиботот ва фановарии итилоъот буд.

Туркманистон қасд дорад як шаҳри ҳушманд ба номи Ашқободи ҳушманд эҷод кунад ва аз ин ру бо Тотористон, ки таҷруба дар иҷрои тарҳи монанди, шаҳри пешрафта бо васоили фановариҳои  ҷадидро дорад, ҳамкорӣ кунад.

Дар поёни ин ҷаласа тавофуқ шуд, ки ҳаштумин нишасти коргурӯҳ дар соли 2023 дар Ашқобод баргузор шавад.

 

Барчасп