Январ 31, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимол меравад дар рӯзҳои оянда номи пойтахти Қазоқистон аз \\\\\\\\\\\\\\\
    Эҳтимол меравад дар рӯзҳои оянда номи пойтахти Қазоқистон аз \\\\\\\\\\\\\\\"Нурсултон\\\\\\\\\\\\\\\" ба номи пешин баргардад

Бо барқарории оромиши комил дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, давлати Қосим Жомарт Токаев раисиҷумҳури ин кишвар талоши музоъафе барои қабзи комили қудрат дар дастури кор қарор додааст.

Дар ин росто раисиҷумҳури Қазоқистон зимни талош барои контроли комили авзоъи кишвар ба манзури бозгардондани  тадриҷии тамоми имтиёзоти эътошуда ба  Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон ,талошҳои ҷиддиро оғоз кардааст. Дар ҳамин иртибот интизор меравад дар рӯзҳои оянда номи пойтахти Қазоқистон аз "Нурсултон" ба номи пешин баргардад ё номи ҷадид интихоб шавад.

Дар ҳақиқат аз рӯйдодҳои нахустин моҳи  соли 2022 мелодӣ дар Қазоқистон метавон чунин натиҷа гирифт, ки авзоъ алайҳи хонадони Назарбоев дар ин кишвар дар ҳоли тағир аст.

Ба манзури таҳаққуқи ин ҳадаф, Қосим Жомарт Токаев аз аҳромҳои муҳим ҷиҳати исботи хостаҳои худ истифода кардааст. Яке аз ин аҳромҳои таъсиргузор ,ки аз он метавон ба унвони нуқтаи заъфи ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла мардуми Қазоқистон ном бурд, ифшои дороиҳои хонадони Назарбоев ва муқоисаи он бо  фақри мардуми ин кишвари паҳновар аст.

Дар ҳамин иртибот Токаев ҳафтаи гузашта дар суханоне,далели аслиии таҷамуъоти густарда дар саросари ин кишварро тафовути ғайри қобили қабули даромадҳо дар кишвар донист. Раисиҷумҳури Қазоқистон бо  баёни ин,ки ниме аз дороиҳои ин кишвар дар дасти 162 нафар мутамаркиз шудааст, нобаробарии даромадҳоро  далели аслии таҷамуъоти густарда дар кишвараш унвон ва бар зарурати ислоҳот ба нафъи мардум таъкид кард.

Ба гуфтаи вай, воқеъаҳои авоили январ дар Қазоқистон мушкилотеро ,ки солҳо анбошата шуда буд,ошкор кард. Ба тавре,ки шикофи ҷиддии табақотӣ миёни сарватмандон ва фақирон дар Қазоқистон ба сатҳи ғайри қобили қабул расидааст.

Вай афзуд: Чунин нобаробарӣ дар даромад ва шикофи ҷиддии табақотӣ нақши як гугирди рӯшан ва як бушка борутро ифо кард,ки мавриди суистифодаи террористҳо ва тавтиъагароне,ки пушти онҳо истода буданд,қорор гирифт.

Дар ҳақиқат раисҷумҳури Қазоқистон бори дигар бар нақши давлатҳои бегона ҷиҳати эҷоди бесуботӣ дар ин кишвар таъкид кардааст. Дар ин иртибот Ҳакан Гунеш, як коршиноси Туркия дар  замимнаи таҳаввулоти ахир дар Қазоқистон,гуфтааст: Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бо сӯйистифода аз таҳаввулоти дохилии Қазоқистон талош мекунанд Русияро заъиф нишон диҳанд.

Ин ҳақиқати талх сабаб шудааст,ки давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико натанҳо натавонанд хостаҳои худро муҳаққақ созанд,балки мувозинаи қудратро ба таври бесобиқае дар ҷиҳати манофеъи бархе аз давлатҳои  судманд дар минтақа, алалхусус Русия тағир  диҳанд.

Бар асоси баровардҳои ниҳодҳои расмии вобаста ба давлати Қазоқистон, миёнгини даромадҳо дар ин кишвар муъодили 1300 доллар дар моҳ аст. Бо вуҷуди он,ки ин рақам дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ болотарин рақами дарёфтӣ маҳсуб мешавад,аммо ба ин манзури наҷоти мардуми Қазоқистон аз фақр ва зиндагии роҳат бисёр фосила дорад.

Ба ҳар ҳол бояд гуфт, Қосим Жомарт Токаев раисҷумҳури Қазоқистон гуфтааст: Дар ҳоли ҳозир амнияти комил ба кишвар бозгаштааст. Бо ин ҳол, мақомоти амниятӣ тамоми тадобири лозимро барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ноамнӣ иттихоз кардааст.

Дар пайи изҳороти раисиҷумҳури Қазоқистон, маҷлиси сенои ин кишвар низ раёсати мудомулумри Нурсултон Назарбоев дар шӯрои амният ва маҷмаъи мардуми ин кишварро лағв кардааст.

Лаззат Сулаймон, намояндаи маҷлиси сенои Қазоқистон дар ин бора гуфтааст: Сенаторҳо аз тағироте дар қонун ҳимоят кардаанд,ки бар асоси он шӯрои амният ва маҷмаъи мардуи Қазоқистон бояд ба сурати расмӣ тавассути шахси  раиси ҷумҳурӣ идора шавад.

Пеш аз ин Нурсултон Назарбоев нахустин раисиҷумҳурӣ ва пешвои миллати Қазоқистон ихтиёроти раёсатии модомулумр  дар Шӯрои амният ва маҷмаъи мардуми ин кишварро бар ӯҳда дошт.

Хонаводаи ӯ низ дар муҳимтарин мақомҳои  давлатӣ дар Қазоқистон ифои нақш мекарданд. Аммо аз замони ошкор шудани нооромиҳо дар бист шаҳри Қазоқистон, авзоъ алайҳи хонаводаи Назарбоев дар ҳоли тағир аст.

Бештар бихонед:

  

Барчасп