Талоши Туркманистон барои коҳиши тавлиди газҳои гулхонаӣ
Дар ростои анҷоми тааҳҳудоти Туркманистон дар тавофуқномаи Порис, санаде барои коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ то соли 2030 таҳия шуд.
Ба гузориши “Форс”, Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон санади коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ то соли 2030 дар ростои анҷоми тааҳҳудоти Ишқобод дар тавофуқномаи Порисро ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии ин кишвар ироа кард.
Бердимуҳаммедов бо пешниҳодҳои ироашуда мувофиқат ва вазири умури хориҷаро муваззаф ба идомаи кор кард.
Раиси ҷумҳурии Туркманистон ҳамчунин нақшаи роҳи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Туркманистон дар заминаи энержии ҳидроженӣ барои солҳои 2022 - 2023 –ро имзо кард.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Туркманистон, муаррифии фанновариҳои пешрафта барои тавсеаи энержиҳои ҷойгузин бо тавваҷуҳ ба мушкилоти муҳити зистӣ ва тағйироти иқлимӣ аз аҳамияти болое бархурдор аст.
Муродов хотирнишон кард, дар солҳои ахир ҷаҳон ба самти энержии камкарбон ва сӯхти ҳидроженӣ ҳаракат мекунад, ки дар оянда мунҷар ба коҳиши тақозо барои ҳомилҳои энержии ҳидрокарбони суннатӣ хоҳад шуд.
Тавофуқномаи Порис бар асоси Конвенсияи СММ дар мавриди тағйироти обу ҳавоӣ аз соли 2020 танзим шудааст.
Ин тавофуқнома дар Конфронси обу ҳаво дар Порис таҳия ва бо иҷмоъ дар 12 декабри 2015 тасвиб шуд.